Институти миллии интихоботии Мексика гуфтааст, бар асоси ҳисоби муқаддамотӣ, Шейнбауми 61-сола беш аз 57,28 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.
Тибқи натиҷаҳои пешакӣ, ба Рақиби Шейнбаум ва намояндаи эътилофи мухолифи "Неру ва қалб барои Мексика" Ксочитл Гальвес 30,06 дарсади раъйдиҳандагон овоз додаанд.
Президенти Мексика Андрес Мануэл Лопес Обрадор эътироф кард, ки дар давоми 200 соли истиқлоли кишвараш бори нахуст як зан раҳбарии онро бар зимма мегирад.
Клаудия Шейнбаум яке аз бандҳои муҳими барномаи пешазинтихоботии худро мубориза бо ҷинояткорӣ номида буд.
Интихоботи президентии ахир дар таърихи Мексика бузургтарин шумурда шуда, дар он беш аз 98 миллион раъйдиҳанда иштирок кардааст.