Интизор меравад, сафари сарвазири Ҷопон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 9 то 12 августи имсол сурат гирад. Ӯ дар ҷараёни ин сафар аз Узбекистон, Қазоқистон ва Муғулистон боздид хоҳад кард. Саммити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷопон қарор аст, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шавад.
Нашрияи ҷопонии "Japan Times" навиштааст, ки Токио ба рушди масири тиҷорӣ, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо тавассути баҳри Хазар мепайвандад, мусоидат хоҳад кард.
Расона менависад, ки Ҷопон бо пуштибонӣ аз ин масир умедвор аст, истиқлоли иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказиро аз Русия тақвият бахшад.
"Japan Times" афзуда, ки ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ -- Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон бо Русия равобити наздики амниятӣ доранд, аммо пас аз ҳамлаи ин кишвар ба Украина талош доранд, ки аз Маскав дур шаванд.