Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ҳадафи ин сафар рушди тиҷорат ва сармоягузории мутақобил будааст.
Ин нахустин сафари сарвазири Узбекистон ба минтақаи Шинҷони Чин аст, ки онҷо мусалмонҳои уйғуртабор зиндагӣ мекунанд.
Ҳарчанд расонаҳои Узбекистон форуми тиҷории Тошканду Гуанчжоуро зиёд инъикос карданд, натиҷаҳои назаррасе дар ин чорабиниҳо набуд.
Баъди ин сафар рӯзи 7 март як муовини вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистонро иваз карданд.
Eurasianet.org менависад, сармояи умумии Чин дар Узбекистон аз соли 2016 то нимаи аввали соли 2023 ба 80 млр доллар расидааст.