Ба иттилои хабаргузории informburo.kz, ба ҷуз аз Масимов, ду муовини пешин ва зиндонии ӯ Ануар Содиқулов ва Даулет Ергожино ҳам шомили ин рӯйхат гаштаанд.
Собиқ раиси КДАМ-и Қазоқистон бо гуноҳи “хиёнат ба давлат” ва “талоши ғасби қудрат” дар ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 ба 18 соли зиндон маҳкум карда шудааст. Додгоҳи шаҳри Остона 19 июн ҳукми ӯро бетағйир гузошт.
Додгоҳ инчунин амр дода, ки ҳамаи дороиҳои Карим Масимов мусодира ва тамоми умр аз ҳаққи дарёфти мақоми давлатӣ маҳрум шавад. Се муовини Масимов - Ануар Содиқулов 16 сол, Даулет Ергожин 15 сол ва Марат Осипов 3 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Масимовро дар авҷи эътирозҳои мардумӣ ва беназмиҳои мусаллаҳона дар чанд вилояти Қазоқистон ҳабс карданд. Ӯ баландтарин мақомдори ҳукумат буд, ки аз рӯи он ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
Масимовро наздиктарин шахси собиқ президент Нурсултон Назарбоев меномиданд.