Ссылки доступа

Ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия доданд, аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия додааст, ки аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, "нишонаҳое аз худдории дастаҷамъонаи сафар ба Русия мушоҳида нашудааст", аммо "аз вазъи кунунии Русия ва таъсири он ба шаҳрвандони Қирғизистон" огоҳ ҳастанд.

"Бо ин ҳол вазорат ба шаҳрвандоне, ки зарурати сахт надоранд, тавсия медиҳад, ки муваққатан аз сафар ба Русия худдорӣ кунанд", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон.

Пештар чунин тавсияро вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дода буд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳол" ба мавҷи нави бадбиниҳо дар Русия рӯ ба рӯ шуданд. Аксари боздоштшудаҳо дар пайи теракти "Крокус Сити Ҳол" шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

XS
SM
MD
LG