Дар ҳукумати Қирғизистон пешниҳод доранд, ҳар касе, ки пули алиментро намесупорад, аз озодӣ маҳрум карда шавад.
Ба иттилои мақомоти додгоҳии Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир шумори қарздорони алимент дар ин кишвар ба беш аз 50 ҳазор мерасад.
Афзоиши шумори қарздорони алимент аз як сӯ ба бештаршавии талоқҳо ва аз сӯи дигар ба афзоиши бекорӣ дар ин кишвар рабт дода мешавад.
Судиҷрочиёни Қирғизистон иқрор мекунанд, чораҳое, ки барои иҷборан ситодидани пули алимент пешбинӣ шудаанд, хеле каманд.
Шаҳрвандони Қирғизистон, ки аз алимент қарздор ҳастанд, наметавонанд ба хориҷ сафар ё санадҳои худро иваз кунанд.