Дороии чаҳор тани онҳо дар соли гузашта афзудааст. Дар миёнашон, аз ҷумла духтар ва домоди президенти пешини Қазоқистон Динора ва Тимур Кулибоевҳо низ ҳастанд.
Ба ҳисоби "Forbes", дороии Кулибоевҳо 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Онҳо имсол дар рӯйхат мақоми 612-умро касб кардаанд.
Ба гуфтаи нозирон, Кулибоевҳо бо вуҷуди он ки наздикони Назарбоев баъди ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон аз мансабҳои баланди давлатӣ ронда шуданд, дороии худро тақрибан якуним миллиард доллар бештар кардаанд. Маҷалла дороии онҳоро соли гузашта 8,6 миллиард доллар ҳисоб карда буд.
Тимур Кулибоеви 57-сола ва Динора Кулибоеваи 56-сола бузургтарин бонки тиҷорӣ дар Қазоқистонро идора мекунанд. Бонки мардумии Қазоқистон гаронтарин дороии онҳо ба ҳисоб меравад.