Хабаргузории ТАСС иттилоъ дода, ки қатора ҷамъан 14 вагон ва 232 мусофир доштааст.
Ба иттилои мақомоти шаҳри Интаи Комӣ, садама баъди ҳаракат кардани қатора аз истгоҳи "Инта" рух додааст.
Дар Кумитаи тафтишотии минтақа гуфтанд, ки бино ба маълумоти пешакӣ, дар ин садама касе осеб надидааст.
Телеграм-канали "Shot" навиштааст, вазъи 9 мусофири қатора, ки наметавонанд онҳоро аз зери вагонҳои чаппашуда берун оранд, вазнин аст.
Сабабҳои сар задани ҳодисаро муайян мекунанд.