Ба иттилои ин хабаргузорӣ, партоби мушак аз наздикии Пхенян ва ба самти шарқ анҷом шудааст. Ҳадафи шартӣ болои баҳр, наздикии соҳили вилояти Хамгён-Пукто қарор дошт. Шабеҳсозии таркиши ҳастаӣ дар баландии 500 метр анҷом шудааст.
Вазорати мудофиаи Ҷопон гуфт, ки Куриёи Шимолӣ сӯи баҳри Ҷопон ду мушак партоб кардааст. Мушакҳо дар баландии 50 километр ва фосилаи 350 парвоз кардаанд.
Ин 10-умин партоби мушак аз сӯи Куриёи Шимолӣ аз аввали соли ҷорӣ аст.
Дар соли 2022 Куриёи Шимолӣ 37 партоб ва дар маҷмуъ наздики 70 мушак анҷом дода буд. Дар ҷараёни он партобҳо Куриёи Шимолӣ мунтазам сӯи Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ мушак мепартофт.
Барномаи мушакҳои болдор ва силоҳи ҳастаии Куриёи Шимолӣ аз сӯи Шӯрои амнияти СММ манъ шудааст. Пхенян мегӯяд, коркарди силоҳ барои муқобила бо "сиёсати душманона"-и Вашингтон ва ҳампаймононаш зарур аст.