Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ин кишвар дар обхезиҳои Русия таъсир нарасонидааст


Вазорати захираҳои оби Қазоқистон гуфт, ин кишвар наметавонад ба обхезиҳои Русия таъсир расонад, зеро дарёи Тобол аз ҳудуди Русия сарозер мешавад ва тасмими партофтани об аз ҳаҷми оби дарёи мазкур вобаста аст.

"Гуфтани ин суханҳо, ки Қазоқистон ба обхезиҳои Русия таъсир мерасонад, дуруст нест. Шуруъ аз 2 апрел ҷониби Қазоқистон дар бораи тасмими партофтани об дар дарёи Тобол огоҳ мекунад", - омадааст дар изҳороти вазорати захираҳои оби Қазоқистон.

Як рӯз пеш Владимир Якушев, як мақомдори ҳавзаи Урали Русия гуфт, партофтани об аз обанборҳои Қазоқистон "мебоист ҳамоҳанг мешуд".

Дар чанде аз минтақаҳои Қазоқистону Русия аз ибтидои моҳи апрел обхезиҳо мушоҳида мешаванд.

Паводки в Казахстане: в опасной зоне остаются миллионы людей
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:13 0:00

XS
SM
MD
LG