"Медиазона" бо истинод ба хабаргузории "Rusnews" иттилоъ дода, ки Алина Горшенина 1 июн дар марзи Қазоқистон бо Қирғизистон дастгир шудааст.
Лариса, модари Горшенина ба "Новости Бишкека" гуфтааст, ҳамроҳи духтараш мехостанд барои истироҳат ба шаҳри Алмато бираванд.
Ба гуфтаи Лариса, додгоҳи Қазоқистон қарор кардааст, ки Горшенина ба Русия истирдод шавад. Аммо Rusnews навишта, ки додгоҳ шаҳрванди Қирғизистонро танҳо ҳабс карда, истирдоди ӯ дар ҳоли ҳозир баррасӣ мешавад.
Ба иттилои "Медиазона", номи Горшенина дар рӯйхати афроди ҷустуҷӯшаванда аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Русия баъди 27 декабри соли 2023 шомил шудааст. "Rusnews" навишта, ки зидди қирғизистонӣ моҳи июни ҳамон сол парванда кушодаанд.
Модари Горшенина гуфтааст, тибқи маводи парванда, шахсе тавассути рақамҳои ношинос ба намояндагони мақомоти Русия таҳдид кардааст. Чаро муфаттишон бар инанд, ки тавассути рақамҳои ношинос маҳз Горшенина тамос гирифта, таҳдид кардааст, феълан маълум нест.