Ссылки доступа

Ҳомии ҳуқуқи қазоқ Айдар Сиздиков бо гумони фурӯши маводи мухаддир ҳабс шуд


Ҳомии ҳуқуқи қазоқистонӣ Айдар Сиздиков бо гумони фурӯши маводи мухаддир ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд.

Мейржана Доскараева, вакили дифои ҳомии ҳуқуқ дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ парвандаи Сиздиковро сохта номида, гуфтааст, дар санадҳои марбут ба боздошти зерҳимоааш суроғаҳои гуногун ҳамчун макони фурӯши маводи мухаддир сабт шудааст.

"Ҳамчунин марде бо номи Иванов, ки иддао дорад аз Сиздиков 3,9 грамм маводи мухаддир харидааст, мегӯяд, пулро ба корти бонкии ҳомии ҳуқуқ равон кардааст", - изҳор дошт вакили дифоъ.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, додгоҳи Қазоқистон озодии Сиздиковро соли 2021 бо гумони "иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" ба муҳлати се сол маҳдуд карда, ҳамаи кортҳои бонкии ӯро бастааст.

Қудратиҳои Қазоқистон 16 май ҳомии ҳуқуқ Айдар Сиздиковро дар шаҳри Остона боздошт карданд. Ойгул Токпаева, ҳамсари ҳомии ҳуқуқ гуфт, шавҳари ӯ дар Қазоқистон ғайриқонунӣ таъқиб мешавад.

"Сиздиковро бидуни ҳеч далеле бо худ мебаранд. Онҳо чизеро пайдо накарданд. Барои боздошти вай низ далеле вуҷуд надорад. Ин таъқиби сиёсӣ аст", - изҳор медорад ҳамсари ҳомии ҳуқуқ дар наворе, ки аз ҷараёни боздошти Сиздиков сабт шудааст.

Сиздиковборҳо дар ҳамоишҳои эътирозии осоишта бо талаби озодии маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG