Худойберганов гуфт, кор бо ин ширкатҳо ба таври инфиродӣ идома дорад. Ба гуфтаи вай, бархеҳо қитъаи замин мехоҳанд, дигарон имтиёзу сабукӣ ва ғайра.
Ҳанӯз моҳи майи соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Алмос Айдаров гуфта буд, ки мақомоти Қазоқистон ба кӯчидани ширкатҳои хориҷӣ аз Русия ба ин кишвар ҳавасманд ҳастанд.
Айдаров он замон гуфта буд, ширкатҳои олмонӣ, амрикоӣ, швейтсарӣ, ҷопонӣ ва ғайра барои кӯчидан аз Русия ба Қазоқистон даъват шудаанд.
Баъди ҳамлаи густардаи Русия ба Украина бисёре аз ширкатҳои хориҷӣ гуфтанд, фаъолияташонро дар Русия қатъ мекунанд.