Хадамоти матбуотии додситонии шаҳр гуфтааст, дар рафти тафтишот муайян шуд, ки маъмурони пулис 9 январи соли 2022 се боздоштшударо дар идораи пулиси ноҳияи Олмалии Алмато шиканҷа кардаанд.
Маҳкумшудаҳо ҳамчунин аз рутбаҳои ҳарбӣ ва ҳаққи кор дар идораҳои давлатӣ маҳрум карда шудаанд.
Додгоҳи Толдиқурғони Қазоқистон низ ахиран се маъмури пешини пулисро барои шиканҷаи боздоштшудаҳо дар ҷараёни ҳодисаҳои январӣ аз 4 то 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.