Ссылки доступа

Дар Қазоқистон мехоҳанд, TikTok-ро банданд (видео)


Баъд аз Қирғизистон TikTok-ро дар Қазоқистон низ мехоҳанд, банданд. Дар вазорати иттилооти Қазоқистон гуфтанд, ин масъала дар ҳоли баррасист.

Аида Балаева, вазири иттилооти Қазоқистон гуфт, дар TikTok ҳаҷми муҳтавои ғайриқонунӣ меафзояд.

Дар он кишвар гуфтанд, TikTok ба хотири ҳифзи кӯдакон баста мешавад. Балаева гуфт, масъалаи бастани ин шабакаи иҷтимоӣ маҳз баъди он рӯи даст гирифта шуд, ки ин шабакаро дар Қирғизистон маҳдуд карданд.

Почему Казахстан хочет закрыть TikTok
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:51 0:00

Блогери қазоқистонӣ Митя Бойназаров, ки дар TikTok фаъол аст, мегӯяд "ҳамлаҳо" ба ин шабакаи иҷтимоӣ на ба хотири ҳифзи манфиатҳои кӯдакон шуруъ шудаанд. Вай бовар дорад, ки мақомоти Қазоқистон аз паҳншавии муҳтавои комилан дигар дар ин шабака нигаронанд ва корбарони TikTok-ро дар Қазоқистон на танҳо кӯдакон ташкил медиҳанд, балки калонсолон ҳам дар ин шабака ҳузур доранд.

"Онҷо (манзур TikTok) калонсолон зиёданд. Норозиҳо дар ин шабака ҳастанд. Ва албатта ин ба мақомот чандон писанд нест ва ба ҳамин хотир барои онҳо (мақомот) хуб мешавад, агар ин шабака баста шавад", - мегӯяд Бойназаров.

Дар Қирғизистон ширкатҳои таъминкунандаи интернет шуруъ аз 18 апрел дастрасӣ ба TikTok-ро маҳдуд карданд.

XS
SM
MD
LG