Радиои "Kan" бо истинод ба низомиёни исроилӣ хабар додааст, ки бурунрафти неруҳо аз Ғазза ба фишорҳои сиёсӣ, аз ҷумла аз ҷониби ИМА рабте надорад.
"Haaretz" аз қавли сухангӯи артиши Исроил навишта, ки дивизияи 98-ум дар натиҷаи задухӯрдҳо дар шаҳри Хон Юнус воҳидҳои гуруҳи "Ҳамос"-ро шикаст дод ва ҳузури минбаъдаи он дар Ғазза дигар маъно надорад.
Низомиёни Исроил гуфтаанд, баъди бурунрафти неруҳо аз Хон Юнус фаластиниён метавонанд аз Рафаҳ ба шаҳр баргарданд.
Ҷангҷӯёни "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамла ба баъзе аз шаҳрҳои Исроил ҳудуди 1200 нафарро кушта ва 250 нафари дигарро гаравгон гирифтанд.
Бино ба гузоришҳо, 130 нафар аз ин гаравгонҳо то ҳол дар дасти нерӯҳои “Ҳамос” мондаанд. Шумораи зиёди одамон дар Исроил рӯзи 30-юми март ба хиёбонҳо баромада, хоҳони раҳоии гаравгонони ин кишвар шуданд.
Вазорати тандурустии Навори Ғазза мегӯяд, дар тақрибан шаш моҳи охир беш аз 32 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.
*Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо Ҳамосро як созмони террористӣ медонанд