Ссылки доступа

Исроил гуфт, метавонад ҷангро дар Ғазза муваққатан бас кунад


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, кишвараш метавонад ба хотири раҳоии гаравгонҳо ҷангро дар навори Ғазза ба муҳлати 42 рӯз қатъ кунад.

Ба гуфтаи Нетаняҳу, амалиёт зидди гуруҳи "Ҳамос", ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълом шудааст, идома хоҳад ёфт.

"Исроил метавонад задухӯрдҳоро дар Ғазза ба муҳлати 42 рӯз қатъ кунад, то гаравгонҳо баргарданд. Вале мо наметавонем ҷангро қатъ кунем. Эрониҳо ва душманонамон нигоҳ доранд, ки мо таслим мешавем, ё не. Хабарҳои дуруғ зиёд паҳн мешавад", - иқтибос овардааст расонаи "Israel Hayom" аз суханронии сарвазири Исроил дар ҷаласаи пӯшидаи кумитаи порлумони он кишвар дар умури хориҷӣ ва дифоъ.

Ба навиштаи расонаи "The Times of Israel", ин суханҳоро Нетаняҳу дар шарҳи нақшаи пешниҳодии президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи поёни ҷанг дар навори Ғазза баён доштааст.

Ҷо Байден як тарҳи созиши оташбасеро эълон кард, ки ба қавли ӯ бар асоси пешниҳодҳои Исроил таҳия шудааст. “Ҳамос” муҳтавои суханронии Байденро мусбат шумурд. Яке аз ёварони нахуствазири Исроил гуфт, тарҳи пешниҳодӣ “ноқис аст”, вале барои поён додан ба ҷанг дар Ғазза мепазиранд.

Ҷанги Исроил ва "Ҳамос" аз 7-уми октябри соли 2023 идома дорад. Он рӯз ҷангҷӯёни "Ҳамос" бо ҳамлае ба Исроил 1200 нафарро куштанд ва 240 каси дигарро гаравгон гирифтанд. Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар амалиёти Исроил дар Навори Ғазза то кунун бештар аз 35 ҳазор нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG