Тибқи иттилои шӯро, бар асоси ҳисоби 80 дарсади варақаҳои раъйдиҳӣ Мадуро беш аз 51 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст.
Ба рақиби ӯ, намояндаи эътилофи мухолифони Венесуэла Эдмундо Гонсалес гӯиё 44% раъй додаанд.
Мухолифони Венесуэла бар инанд, ки натиҷаҳои интихоботи имсол ба монанди соли 2018 дасткорӣ шудаанд.
Пурсишҳои пешазинтихоботӣ ва назарсанҷиҳои экзит-полл, ки аз сӯи ширкати амрикоии "Edison Research" анҷом шудааст, номзади мухолиф Гонсалесро баранда номида буданд.
"Натиҷаҳоро намешавад пинҳон кард. Кишвар тағйиротро бидуни хушунат пазируфт", - навишт Гонсалес баъд аз анҷоми раъйдиҳӣ ва пеш аз нашри натиҷаҳои расмӣ дар шабакаи иҷтимоии Х.
Мадуро баъд аз нашри натиҷаҳои расмӣ гуфт, пирӯзии ӯ тантанаи сулҳ ва субот дар Венесуэла аст.