Ссылки доступа

Афсарони туркман дастаҷамъона саффи артишро тарк мекунанд


Афсарони Туркманистон ба далели шароити сахти хидмат дар Қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар саффи артишро дастаҷамъона тарк мекунанд.

Хидматчиёни ҳарбии Туркманистон, аз ҷумла аз маоши кам ва иҷро нашудани ваъдаҳо дар бораи имтиёзҳои давлатӣ шикоят доранд.

"Вазорати мудофиа дар баробари кумакпулиҳо уҳдадор аст, ки хидматчиёни ҳарбиро бо манзил, либос ва имтиёзҳои дигар таъмин кунад. Аммо ҳукумат ин уҳдадориҳоро иҷро намекунад", - изҳор дошт яке афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Туркманистон дар суҳбат бо хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Бахши туркманиии Радиои Озодӣ дар гузашта борҳо хабар дода буд, ки хидматчиёни ҳарбии Туркманистон дастаҷамъона сафи артишро тарк мекунанд.

Бино ба маълумоти дастрасшуда, танҳо моҳи августи соли гузашта 200 афсари ниҳодҳои низомии вилояти Балкани Туркманистон корро бас кардаанд.

Мақомоти Туркманистон дар ин бора чизе намегӯянд.

XS
SM
MD
LG