Ссылки доступа

На шаҳрванди Тоҷикистон, на аз Русия. Ба Қадам Исматов чӣ шуд?


Қадам Исматов
Қадам Исматов

Рӯз то рӯз шумори зодагони Тоҷикистон, ки аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда мешаванд, зиёд мешавад.

Қадам Исматов, акнун шаҳрванди собиқи Русия низ ба ин сарнавишт рӯ ба рӯ шудааст ва ҳоло шахси бешаҳрванд.

Қадам Исматов, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд, ки дар гузашта аз камбудиҳои ҳукумати Тоҷикистон менавишт ва мухолифони тоҷикро низ танқид мекард. Соли 2021 додгоҳи вилояти шаҳри Саратови Русия ӯро барои гӯё пешниҳоди маълумоти нодуруст замони гирифтани шаҳрвандии ин кишвар дар соли 2005 аз шаҳрвандии Русия маҳрум кард. Ӯ иддао дорад, ки далелҳои додгоҳ барои бекор кардани мақоми шаҳрвандиаш дуруст ва кофӣ набуд.

"Гӯё кадом маълумотеро нодуруст пешниҳод кардаам. Аммо кадом маълумот нагуфтанд. Ман гуфтам, ба ман исбот кунед. Онҳо ягон ҳуҷҷат пешниҳод карда натавонистанд. Як тӯҳмати бардурӯғ. Ба ҳамин восита шаҳрвандии маро бекор карданд. Суди шаҳри Саратов аз номи суди олии Русия эълон кард, ки барои додани маълумоти бардуруғ шаҳрвандии маро бекор карданд,"-мегӯяд ин шаҳрванди собиқи Русия.

Қадам Исматов далели асосии аз шаҳрванди Русия маҳрум шуданашро боз шудани парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми "узвият дар созмонҳои ифротӣ" ва дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додан аз сӯи мақомоти Тоҷикистон медонад.

Ӯро моҳи августи соли 2023 Русия ба Тоҷикистон супурд. Исматовро мақомоти тоҷик дар ҳамкорӣ бо созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯъ, аз ҷумла "Гурӯҳи 24" ва "Паймони миллии Тоҷикистон" гумонбар медонист. То моҳи декабр, то замони исботи бегуноҳиаш дар боздошт қарор дошт. Пас аз раҳоӣ на шаҳрвандии Русияро дорад ва на шаҳрвандии Тоҷикистонро, зеро соли 2005 вақте шаҳрвандии Русияро мегирифт, шаҳрвандии Тоҷикистонашро ҳифз накарда буд.

Ӯ мегӯяд, ҳоло аз ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Русия мехоҳад, ки дар барқарор кардани шаҳрвандияш дар Русия мусоидат кунанд. "Зеро ман дар Русия хона дорам, зан дорам, ҷои кор дорам, моликият дорам. Нисфи умрам дар он ҷо гузаштагӣ аст. Мехоҳам ба канори хонаводаам баргардам,"--гуфт ӯ.

Исматов ба Сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кардааст, аммо шахсони масъул ӯро напазируфтаанд. Радиои Озодӣ барои шарҳи ин мавзӯъ ба сафорати Русия дар Душанбе нома фиристод, ки мунтазири посух аст. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, роҳҳои дубора соҳиб шудани шаҳрвандии Русия барои Исматов вуҷуд дорад.

Шокирҷон Ҳакимов, профессори ҳуқуқ бар ин аст, ки ин мавзуъ як масъалаи ҳуқуқибаширист ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ бояд ба Исматов ёрӣ кунанд.

"Ҳақ дорад, тариқи Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия ё худ тариқи муроҷиат ба намояндагии СММ дар Тоҷикистон бо фаҳмонидани далелҳо дар шакли хаттӣ ва албатта ҳукми суди Тоҷикистон ҷиҳати мусоидат намудан дар барқарор намудани шаҳрвандии Русия, ин аввал ва дуюм агар ин ҳақ барояд, пас ҷониби дигар ҷубронро падохт кунад, дар шакли пул ва ҳамчунин ҷуброни руҳиву равониашро низ,"-тавсия медиҳад Ҳакимов.

Қадам Исматов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд, пас аз адои хидмати сарбозӣ дар Русия, аз соли 1993 то августи 2023 дар Саратов зиндагӣ дошт. Сарфи назар аз муттаҳам шуданаш ба ҷиноятҳои сангин дар Тоҷикистон, Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи декабри 2023 қарор содир кардааст, ки бо дар назар гирифтани қонун дар бораи авф аз 25 октябри соли 2019, тафтиш ва пешбурди парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ӯ аз сӯйи ВКД-и Тоҷикистон қатъ карда шавад. Мақомти Тоҷикистон далели инро даст кашидани Исматов аз "кирдорҳои ҷиноятии худ" дар соли 2017 қатъи робита бо "аъзоёни ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ" донистааст.

Дар солҳои ахир боздошту истирдоди мухолифони режими Душанбе аз Русия ба Тоҷикистон бидуни дар назар гирифтани қонунгузорӣ зиёд шудааст.

Созмонҳои ҳуқуқи башар борҳо ин кори Русияро танқид кардаанд. Дар гузашта Каромат Шарифов, ҳомии ҳуқуқ ва раиси Ҷунбишии кории муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ ба сарнавишти Исматов гирифтор шуда буд. Кӯшишҳои пайдарпайи Каромат Шарифов дар додгоҳҳои Тоҷикистону Русия барои бозгашт ба Маскав натиҷа надоданд ва ӯ рӯзи 9-уми майи соли 2020 бар асари бемории дил даргузашт.

XS
SM
MD
LG