Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP), "Бюро медиа" (Белорус) ва нашрияи "Вёрстка" (Русия) муайян кардаанд, ки дар давр задани таҳримҳо ширкатҳои қазоқистонӣ ва белорусӣ мусоидат кардаанд.
Ширкатҳои Қазоқистон ва Белорус барои он тавонистаанд, дар иҷрои нақша иштирок кунанд, ки ин ду кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд ва молҳо тавассути марзҳои дохилии созмон бе тафтиши гумрукӣ мегузаранд.
Ширкатҳои қазоқистонӣ дастгоҳу таҷҳизотро аз Аврупо фармоиш медиҳанд ва бор барои "нигаҳдории муваққат" ба Белорус бурда мешавад. Сипас аз онҷо мустақиман ба Русия ворид карда хоҳад шуд.
"Омори гумруки Русия нишон медиҳад, ки тавассути нақшаи мазкур ба маблағи 5,9 миллион доллар ба ин кишвар молҳои "мамнуъ" ворид карда шудааст", - омадааст дар таҳқиқоти рӯзноманигорон.