Вай аз Байден барои пешбарии номзадияш ба ҷои худ ба мақоми президентӣ изҳори миннатдорӣ карда, тасмими даст кашидан аз идомаи сабқатро "фидокорона ва ватандӯстона" номид.
"Мо то интихобот 107 рӯз дорем. Якҷоя мубориза хоҳем бурд. Якҷоя пирӯз хоҳем шуд", - изҳор доштааст Ҳаррис.
Ҷо Байден, президенти ИМА ахиран эълон кард, ки номзадиашро дар интихоботи президентии моҳи ноябр пешбарӣ нахоҳад кард.
Ӯ дар изҳороте дар саҳифааш дар Икс рӯзи 21-уми июл навишт, ки ин тасмимаш ба манфиати ҳизби Демократ ва мардуми Амрико аст.
Ҷо Байден ва Доналд Трамп рӯзи 28-уми июн дар мунозираи телевизионӣ ширкат карданд. Ҷонибдоронаш гуфтанд, ӯ дар баҳс бо Трамп аз худ заъф нишон дод ва бояд истеъфо диҳад.
Чанд ҳафтаи ахир чеҳраҳои шинохтаи ҳизби Демократ аз ӯ хоҳиш доштанд, то аз ширкат дар интихобот даст кашад. Ӯ гуфта буд, дар интихобот ширкат мекунад ва Трампро шикаст медиҳад.
Тарафдоронаш тарс доштанд, ки Байден дар баробари Трамп шикаст мехӯрад.