Дар ин бора "Украинская правда" ва "РБК-Украина" бо истинод ба манбаъҳои худ дар Раёсати иктишофии Вазорати дифои Украина хабар додааст.
"Бесарнишини украинӣ барои расидан ба ҳадаф беш аз 1800 километр парвоз карда, дар масофаи нобудсозии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини камикадзе рекорди нав гузошт", - гуфтааст манбаи расонаҳо.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳаҷми хисороти расида дар пайи ин ҳамла феълан маълум нест.
Нашрияҳои маҳаллӣ ахиран хабар доданд, шаҳри Орск, ки бо Қазоқистон ҳаммарз аст, мавриди ҳамлаи бесарнишин қарор гирифт. Канали "Урал56.ру" дар паёмакрасони Телеграм навишт, ки эҳтимол бесарнишин ба иншооти низомӣ ҳамла кардааст.
РИА "Новости" рӯзи душанбе тасдиқ кард, ки дар Орск бесарнишине суқут кард. Мақомоти Оренбург гуфтанд, дар натиҷаи ҳамла "иншооти маданӣ осеб надидааст ва ба ҷони сокинон ҳам хатаре таҳдид намекард".