Муроҷиатномаи онҳо дар саҳифаи рӯзноманигори нашрияи ҳиндии "NDTV" Ума Судхир дар шабакаи иҷтимоии Твиттер нашр шудааст.
Ба гуфтаи шаҳрвандони Ҳиндустон, онҳо моҳи декабри соли 2023 ҳамчун сайёҳ ба Русия рафтанд ва гӯиё бо пешниҳоди корманди як ширкати сайёҳӣ розӣ шудаанд, ки ба Белорус низ бираванд. "
"Мо намедонистем, ки барои рафтан ба Белорус раводид (виза) лозим аст. Роҳбалад баъди расидан ба Белорус аз мо пулро гирифта, ғайб зад", - мегӯяд яке аз ҳиндустониҳо дар навор.
Шаҳрвандони Ҳиндустонро пулиси Белорус боздошт карда, ба мақомоти Русия таслим мекунад. Мақомоти Русия онҳоро маҷбур месозанд, то санадеро, ки ба забони русӣ навишта шудааст, имзо гузоранд.
Нашрияи ҳиндии "News 18" навишта, ки шаҳрвандони Ҳиндустон баъди 15 рӯзи тамрин дар як қисми низомӣ ба ҷанди Русия зидди Украина сафарбар карда шудаанд.
Мақомоти Ҳиндустон моҳи феврали имсол гуфтанд, талош доранд, 30 шаҳрванди худро, ки дар артиши Русия дармондаанд, ба ватан баргардонанд