Ссылки доступа

Русия номи раиси ҷамъияти узбеконро ба рӯйхати террористон ворид кардааст


Усмон Баротов
Усмон Баротов

Вазорати адлияи Русия номи раиси ҷамъияти узбекон "Ватандош" Усмон Баротовро ба рӯйхати террористону экстремистон ворид кардааст.

Дар ин бора "Новая газета Европа" хабар додааст. Мақомоти Русия шарҳ надодаанд, ки чаро Баротов ба ин рӯйхат ворид карда шудааст.

Кумитаи тафтишотии Русия ахиран хабар дод, ки зидди Баротов барои як навиштааш дар бораи гароншавии арзиши тухми мурғ парванда боз кард.

Моҳи декабр Баротов дар шабакаҳои иҷтимоӣ расмеро бо навиштаҷоти "Хурӯсҳоро аз ҷанг баргардонед!" нашр кард.

Блогерони рӯ ба Кремл ба ин навишта таваҷҷуҳ ва ҷанҷолеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ карданд. Онҳо аз роҳбари Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин хостанд, ки Баротов ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад.

Баъди он Баротов боздошт шуд. Бастрикин дастур додааст, ки зидди Баротов бо гумони "таҳқири ширкаткунандагони амалиёти махсуси низомӣ" парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Ба иттилои кумита, Баротов гӯиё дар шабакаҳои иҷтимоӣ "навиштаи таҳқиромез"-еро нашр кардааст ва рӯзноманигорони низомии Русия аз Бастрикин хостаанд, ки ба он таваҷҷуҳ кунад.

Дертар муаллифи канали "Readovka" навишт, ки Баротов шаҳрванди Русия аст ва мардуми русро ба ҷои эҳтиром дар шабакаҳои иҷтимоӣ "таҳқир" мекунад.

XS
SM
MD
LG