Мудирони "Gazli Gas Storage" дар изҳорот аз таҳқиқот ном набурда, танҳо гуфтаанд, ки он ба хотири "равшанӣ андохтан ба вазъ" нашр карда мешавад.
Муаллифони изҳорот расонаҳоро бидуни бурдани ном ба нашри хабарҳои “беасос ва бадномкунанда” муттаҳам карда, мушаххас нагуфтаанд, ки кадом маълумоти онҳо беасос аст.
"Дар натиҷаи бозсозии моҳи октябри соли 2023 саҳми ширкат, ки қаблан ба ширкати русии "Форус" тааллуқ дошт, ба ширкати ҳонгонгии "Daxon Holdings Limited" дода шудааст. Бахтиёр Фозилов ба монанди пешин баъд аз бозсозӣ низ баҳрабардори асосии ширкат боқӣ мемонад", - гуфта шудааст дар изҳорот.
Рӯзноманигорон низ дар таҳқиқоти худ гуфта буданд, ки Фозилов ва шарикони олигархи ӯ, ки аз атрофиёни наздики президенти Русия Владимир Путин шумурда мешаванд, бахши энержии Узбекистонро тавассути ширкатҳои худ ғасб кардаанд.