Ба гуфтаи ӯ, ҳадафҳои ҳукумати кунунии Гурҷистон барои раҳбарони ИА номаълум аст ва бинобар ин тасмим гирифта шуд, ки раванд боз дошта шавад.
Вай қабули қонуни "Дар бораи шаффофияти нуфузи хориҷӣ" дар Гурҷистонро дар робита ба пайвастшавии ин кишвар ба ҳайати ИА гоме ба ақиб номидааст.
Герчинский гуфтааст, Гурҷистон 30 миллион евроеро, ки ИА барои дифои ин кишвар ҷудо карда буд, феълан дарёфт нахоҳад кард.
Вай изҳори умед карда, ки корҳо дар бораи пайвастани Гурҷистон ба ҳайати ИА баъди интихоботи порлумонии ин кишвар, ки моҳи октябри имсол баргузор мешавад, аз сар гирифта хоҳанд шуд.