Тибқи қарори додгоҳ, ҳукумати Озарбойҷон бояд ба ҳар як даъвогар дасти кам 6000 евро ҳамчун ҷуброни зарар ва харҷҳои дигар пардохт кунад.
Сомонаи бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ моҳи марти соли 2017 бо дархости додситонии кулли ин кишвар баста шуд. Додситонӣ он замон гуфт, сомонаи azadliq.org ба "амнияти миллӣ" хатар дошта, "хушунату бадбинӣ"-ро таблиғ мекунад.
Мақомоти Озарбойҷон бо вуҷуди он ки натавонистанд, барои тасдиқи ин иддаои худ далеле пешниҳод кунанд, ду муроҷиати РAO/РO-ро барои лағви маҳдудият рад карданд.
Бастани сомонаи радио, ки дар давраи интихоботи президентии Озарбойҷон анҷом шуд, вокуниши тунди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалиро ба бор овард. Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон бо нашри як изҳорот гуфт, "мақомоти Озарбойҷон фазои сиёсии кишвари худро тақрибан аз тамоми воситаҳои изҳори назари мухолиф тоза карданд".
Бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ – Radio Azadliq - яке аз манбаъҳои муҳиму мустақили хабарии интернетӣ ва моҳвораӣ боқӣ мемонад. Соли 2017 саҳифаҳои бахш дар YouTube, Facebook ва шабакаҳои дигари иҷтимоӣ ҳудуди 90 миллион бинанда касб карда буданд.