Ссылки доступа

Эрдуғон: барои кумак ба фаластиниён метавонем вориди Исроил шавем


Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон

Президент Раҷаб Эрдуғон рӯзи якшанбе гуфт, неруҳои Туркия метавонанд барои кумак ба фаластиниҳо вориди Исроил шаванд. Аммо ӯ дақиқ нагуфтааст, ки дахолати неруҳои Туркия чи гуна хоҳад буд.

Эрдуғон, ки дар ин бора дар ҷаласаи Ҳизби ҳокими адолат ва рушди Туркия дар шаҳри Ризеи ин кишвар изҳори назар мекард, афзуд, "мо бояд хеле қавӣ бошем, ки Исроил натавонад ингуна корҳои бемаъниро бо Фаластин анҷом диҳад".

"Ҳамон тавре ки мо бо Қарабоғи Куҳӣ ва Либия кардем, метавонем бо онҳо низ бикунем", - изҳор доштааст Эрдуғон.

Неруҳои Туркия соли 2020 ба хотири пуштибонӣ аз ҳукумати муросои милии Либия, ки аз сӯи СММ эътироф шуда буд, вориди он кишвар шуданд. Аммо Анқара иштироки бевоситаи низомиёни худро дар амалиёти Озарбойҷон дар Қарабоғи Куҳӣ рад мекард.

Мақомоти турк соли гузашта танҳо гуфта буданд, ки ба хотири дастгирии иттифоқчии наздики худ - Озарбойҷон аз тамоми имкониятҳо истифода карда, низомиёни онро омода ва артишашро замонавӣ месозанд.

Даргирӣ дар Навори Ғазза аз моҳи октябри соли 2023 ба ин сӯ идома дорад.

Ҷанг пас аз он сар шуд, ки нерӯҳои "Ҳамос" 7 октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳуҷум карда, 1200 нафарро куштанд ва 240 касро гаравгон гирифтанд. Ба гуфтаи мақомоти тандурустии Ғазза, дар ҳашт моҳи ҳамлаҳои Исроил зиёда аз 37 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

"Ҳамос" дар Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG