Шаҳрвандони Қазоқистон ба ҷурми харобкории гуруҳӣ бо маслиҳати пешакӣ 13-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
"Медиазона" иттилоъ дода, ки Абрам чаҳор соли аввал ва Бурдилов панҷ солро дар зиндон мегузаронанд ва муҳлати боқии ҷазоро дар муассисаи ислоҳии дорои низоми сахт адо хоҳанд кард.
Абрам ва Бурдилов 22 июни соли 2023 дастгир шудаанд ва ҷузъиёти парвандаи онҳо ошкор намешавад.
Додгоҳ ҳамчунин қарор кардааст, ки аз шаҳрвандони Қазоқистон 387 ҳазор рубл ҷуброн ситонида шавад.