Ссылки доступа

Амрико ба маҳдудиятҳои динӣ дар Узбекистон ишора кард


Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтааст, ҳукумати Узбекистон бисёре аз ваъдаҳои худро дар бораи таъмини озодии мазҳабӣ ё динӣ иҷро намекунад.

Дар гузориши солонаи вазорат дар бораи вазъи озодии динӣ дар ҷаҳон гуфта шуда, ки дар зиндонҳои Узбекистон беш аз 1800 маҳбус бо иттиҳоми иштирок дар фаъолиятҳои террористӣ, ифротгароӣ ё узвият дар созмонҳои тундгарои динӣ нигаҳдорӣ мешавад.

"Ҳукумати Узбекистон бар хилофи солҳои гузашта маълумот дар бораи онҳоеро, ки бо ҷурми ифротгароии динӣ ва ё узвият дар созмонҳои мамнуъ ҳабс шудаанд, пешниҳод намекунад. Расонаҳои маҳалӣ ҳадди ақал дар бораи панҷ касе хабар доданд, ки дар Узбекистон барои фаъолиятҳои диниашон дар Интернет зиндонӣ ё ҳабси хонагӣ шудаанд", - омадааст дар вазорат.

Дар изҳорот номи донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тошканд Ҷаҳонгир Улуғмуродов ва барномасоз Сардор Раҳмонқулов оварда шудааст, ки барои фиристодани сурудҳои мазҳабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз озодӣ маҳрум гаштаанд.

Сардор Раҳмонҷулов барои фиристодани як суруди мазҳабӣ ба ҳамсинфаш 5 сол аз озодӣ маҳрум гашт, вале дертар дар пайи фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ шартан аз зиндон озод шуд.

XS
SM
MD
LG