Ссылки доступа

Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шимолӣ Ғазза даҳҳо кас кушта шудааст


Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шимоли навори Ғазза 29 феврал даҳҳо одам ҷон бохтааст.

Вазорати тандурустии навори Ғазза, тобеи гуруҳи "Ҳамос", ки дар ИМА ва Иттиҳоди Аврупо мамнуъ аст, гуфт, низомиёни Исроил ба самти одамоне, ки барои дарёфти кумаки башардӯстона омада буданд, оташ кушоданд.

Манбаъҳои фаластинӣ гуфтаанд, низомиёни исроилӣ бо тонку "автомат" ба сӯи одамони гурусна оташ кушоданд. Гуфта мешавад, оташкушоӣ бе сабаб сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, дар натиҷа беш аз 100 кас ҷон бохта, 760 тани дигар захмӣ шудааст.

Артиши Исроил дар ин ҳодиса худи сокинони Ғаззаро гунаҳкор кардааст. Гӯиё онҳо мехостаанд, мошинҳои ҳомили кумаки башардӯстонаро ғорат кунанд. Як мансабдори исроилӣ ба нашрияи "The Washington Post" гуфтааст, ба сӯи гуруҳи одамоне оташ кушода шудааст, ки ба низомиён наздик мешуданд.

Миср, Урдун ва Фаластин амали артиши Исроилро маҳкум карданд. Шабакаи кумакрасони "Oxfam" гуфт, мақомоти Исроил ба сӯи сокинони осоишта қасдан оташ кушоданд. Ба гуфтаи намояндагони "Ҳамос", ҳодиса монеи созиши сулҳ дар Ғазза хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG