Ссылки доступа

ЮНЕСКО: Узбекистон дар рушди Бухоро ваъдахилофӣ кард


Сносы в центре Бухары. март 2024 г.
Сносы в центре Бухары. март 2024 г.

ЮНЕСКО гуфт, ҳукумати Узбекистон ваъда дода буд, ки то ҳосил шудани созиш оид ба нақшаи куллӣ аз тахрибу сохтмон дар минтақаи таърихии Бухоро даст мекашад, аммо ҳоло ваъдахилофӣ мекунад.

Дар ин бора Eurasianet.org бо такя ба посухи хаттии ЮНЕСКО хабар медиҳад.

Ба навиштаи Eurasianet.org, мақомоти Узбекистон муроҷиати ЮНЕСКО-ро нодида мегиранд.

ЮНЕСКО гуфтааст, ки Узбекистон ҳамоно нақшаи куллии сохтмони Бухороро ирсол накардааст.

"ЮНЕСКО дарк мекунад, ки корҳо то сентябри соли 2024 бояд ба анҷом расанд", - посух додааст ин созмон.

Ба навиштаи Eurasianet.org, тарҳи нақшаи идораи минтақаи таърихӣ барои солҳои 2023-2028 моҳи декабр муаррифӣ шуда буд ва ҳамоно дар баррасии мақомоти мушовараи Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО қарор дорад.

"Бо ваъдахилофии бармало, мақомоти Узбекистон ибтидои соли ҷорӣ ба тахриби минтақае шуруъ карданд, ки ба қисмати таърихии Бухоро мерасад ва ин боиси эътирози ҳомиёни мероси фарҳангӣ шуд", - омадааст дар гузориши Eurasianet.org.

Чанд пеш расонаҳои Узбекистон навиштанд, тахриби даҳҳо бинои таърихӣ ба хотири сохтани маркази сайёҳии "Бухорои боқӣ" дар Бухорои Узбекистон миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехтааст.

Рӯзноманигорон ва блогероне, ки дар бораи тахриби биноҳо хабар доданд, зери фишор қарор гирифтаанд.

"Он чизе ки ҳоло дар Бухоро рух медиҳад - ҷиноят аст ва ин тахрибкориҳо дар таърих ҳамчун яке аз рӯзҳои сиёҳи Узбекистон сабт мешаванд", - гуфт як блогер аз Бухоро ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ҳадди ақал чаҳор блогере, ки дар бораи тахрибҳо навиштанд, гуфтанд, ба онҳо фишор меоранд.

Рӯзи 26 феврали соли ҷорӣ дар Бухоро ба тахриби чанд иншооти давлатие шуруъ карданд, ки дар ҷойи онҳо маркази сайёҳии "Бухорои боқӣ" сохта хоҳад шуд.

Тарҳи "Бухорои боқӣ" 470 млн доллар арзиш дошта, дар майдони 32,6 га ва дар солҳои 2024-2026 сохта мешавад.

XS
SM
MD
LG