Ба иттилои Би-би-сӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба яке аз масъалаҳои доғ ва муҳими маъракаи интихоботӣ дар ИМА табдил ёфтааст, ки ҳаёти президенти Амрикоро ба таври қобили мулоҳиза мушкил гардонидааст.
Ҷо Байден охирҳои моҳи майи имсол фармонеро имзо кард, ки ҳадафи он пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ тавассути Мексика мебошад. Бар асоси фармон, ҳар касе ғайриқонунӣ вориди Амрико шавад, аз ҳаққи дархости паноҳандагӣ маҳрум хоҳад шуд.
Кохи сафад тасмим гирифтааст, мушкили ҳамсарони шаҳрвандони Амрикоро, ки беш аз 10 сол мешавад, дар ин кишвар зиндагӣ мекунанд, осон кунад. Ба онҳо иҷозати муваққати кор дода мешавад. Ба ҳисоби маъмурияти президенти ИМА, аз ин имтиёз ним миллион кас бархӯрдор хоҳанд шуд.