Ссылки доступа

Худдории бонкҳои Осиёи Марказӣ аз қабули пардохтҳои Русия афзоиш ёфтааст


Рад шудани қабули пардохтҳои Русия аз сӯи бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як моҳ то ба 30 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора "РБК" бо истинод ба маълумоти ширкатҳои "PEK", "Digital VED", "GTL" ва "Logita Trade" хабар додааст.

Бонкҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон муҳлати иҷрои пардохтҳоро ба далели ҳарос аз таҳримҳои дувумдараҷа то ду ҳафта зиёд кардаанд.

Ширкатҳои русӣ акнун маҷбур ҳастанд, ки ҳангоми интиқоли пул тавассути бонкҳои Осиёи Марказӣ ба Чин маълумоти бештар пешниҳод кунанд.

Ин мушкил соли 2023 ба миён омад ва соли равон ба далели афзоиши таҳримҳои ИМА сахттар шудааст.

Қаблан ширкатҳои русӣ гуфта буданд, ки интиқоли пул ба бонкҳои Чин мушкилтар шудааст.

Вазири молияи Амрико Ҷанет Йеллен 9 апрели имсол дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Пекин гуфт, ширкатҳои чиние, ки дар содироти молҳои низомӣ ба Русия мусоидат мекунанд, таҳти таҳримҳои кишвараш қарор хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG