Бахши озарбойҷонии Радиои Озодӣ иттилоъ дода, ки Мамедлӣ ва Иззетлӣ дар доираи парвандаи қочоқ бо маслиҳати пешакӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.
Алескер Мамедлӣ дар додгоҳ гуфтааст, эҳтимол ба ҳабси ӯ фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятияш сабаб шудааст.
Вакили дифои муассиси "ToplumTV" гуфтааст, саломатии шахси зери ҳимояи ӯ хуб нест ва аз болои қарори додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Мамедлӣ ва Иззетлӣ рӯзи ҷумъа, 11 март дастгир шуданд. Пулис пеш аз боздошт манзили зисти онҳоро бозҷӯӣ ва аз хонаи Мамедлӣ 60 ҳазор евро пайдо кард. Наздикони Мамедлӣ мегӯянд, ин пулро худи кормандони пулис дар хонаи ӯ гузоштаанд.
Пулиси Озарбойҷон 6 март 9 рӯзноманигори марбут ба телевизиони ютюбии Toplum TV, инчунин 3 фаъоли мухолифро боздошт карда буд. Пеш аз боздошт манзили рӯзноманигорон ва мухолифон бозҷӯӣ шудааст.
Мақомоти Озарбойҷон ин бозҷӯиву боздоштҳоро шарҳ намедиҳанд. Хадича Исмоил, сармуҳаррири телевизиони Toplum гуфт, намедонад, ки сабаби ин боздоштҳо чӣ будааст.
Toplum TV - телевизиони интернетии мустақил аст. Ба иловаи хабару гузоришҳо ин телевизион дар бораи фасодкорӣ ва помолшавии ҳуқуқи инсон дар Озарбойҷон таҳқиқот нашр мекунад.
Се мухолифи боздоштшуда узви ҳаракати ҷамъиятии "Платформаи III Ҷумҳурӣ" будаанд. Ин ҳаракат маҳдудсозии ҳукумати президент ва гузаштан ба низоми идораи порлумониро талаб мекунад.