Дар хадамоти матбуотии додгоҳ ба расонаҳо гуфтанд, ки ҳукм дар пайи шикояти ҷониби маҳкумшуда бекор ва парванда барои баррасии дубора бозпас фиристода шудааст.
Ба гуфтаи вакили дифои маҳкумшуда Оксана Мусохранова, дар маводи парванда дақиқан дарҷ нашудааст, ки кудакро кӣ паронд. Бо вуҷуд Арман Ҷуман ба он айбдор дониста шуд, ки гӯиё ба зертобеаш фармони тиркушоиро додааст.
Падари духтарча Айдос Мелдехан дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори Додгоҳи олии Қазоқистон розӣ нест ва афзуд, ки талаби ӯ ҳамоно ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи дастандаркорони куштори духтараш аст.
Айкоркем Мелдехон ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 кушта шуд. Вай аз тири силоҳ дар дохили мошине кушта шуд, ки ҳамроҳи бародарону хоҳараш қарор дошт.
Мошине, ки Айкоркем дар дохилаш буд, дар майдони Ҷумҳурии шаҳри Алмато қарор дошт. Айдос Мелдехон, падари Айкоркем он замон ҳамроҳ бо хонаводааш ба мағоза рафта буд.