Бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки Арман Ҷуман бо ҷурми баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ 7 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Ҷониби айбдоркунанда, ки дар зинаи поёнии додгоҳ барои маҳкумшуда 7 соли зиндон талаб карда буд, ҳукми ахирро қонеъкунанда номид.
Падари духтарча Айдос Мелдехон гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Зеро Арман Ҷуман на бар асоси банди "Баромадан аз ваколати хидматӣ", балки тибқи банди "Куштор" айбдор дониста мешуд. "Ҳафт сол чӣ аст? Ӯ ду сол пас озод мешавад", - афзуд вай.
Ҳукми сафедкунандаи додгоҳи зинаи поёнӣ нисбат ба Арман Ҷуман моҳи ноябри соли 2023 содир шуда буд.
Айкоркем Мелдехон ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022 кушта шуд. Вай аз тири силоҳ дар дохили мошине кушта шуд, ки ҳамроҳи бародарону хоҳараш қарор дошт.
Мошине, ки Айкоркем дар дохили он буд, дар майдони Ҷумҳурии шаҳри Алмато қарор дошт. Айдос Мелдехон, падари Айкоркем он замон ҳамроҳ бо хонаводааш ба мағозаи маҳсулоти ғизоӣ рафта буд.