Ссылки доступа

Дар эътирозҳои Арманистон ҳудуди 200 кас боздошт шудааст


Маъракаи нофармонӣ дар пойтахти Арманистон ва минтақаҳои дигари ин кишвар зидди сарвазир Никол Пашинян идома дорад.

Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Арманистон хабар дод, ки 27 май дар шаҳри Ереван ҳудуди 200 эътирозгар боздошт шудааст.

Тазоҳургарон кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро бо мошинҳо ва қуттиҳои партов мебанданд. Аз ҷумла, шоҳроҳ ба самти Эрон ва роҳи Ереван-Армавир бо мошинҳои боркаш баста шудааст. Эътирозҳоро ҷунбиши эътирозии "Фронти халқӣ" ҳамоҳанг мекунад.

Пулиси Арманистон боздошти эътирозгаронро оғоз кардааст. То ҳол дар бораи дастгир шудани 197 тазоҳургар хабар дода шудааст. Дар миёни боздоштшудаҳо вакили порлумони Арманистон Ашот Симонян низ ҳаст.

Ҷумбиши мухолифи "Товуш дар роҳи ватан" ахиран номзадии раҳбари калисои вилояти Товуш Баграт Галстанянро ба мақоми сарвазирии Арманистон пешниҳод кард.

Фаъолони ҷунбиш аз 9 май дар Ереван ва вилоятҳои дигари Арманистон иқдоми эътирозии нофармониро оғоз кардаанд. Эътирозгарон бо раванди таъйину аломатгузории марзи Арманистон бо Озарбойҷон розӣ нестанд ва истеъфои Пашинянро талаб мекунанд.

XS
SM
MD
LG