Яке аз шикоятгарон Депардеро дар дастдарозии нохушоянд ва ҳарфҳои ғайри қобили қабул дар наворбардории филме дар соли 2014 айбдор кард. Он замон ин зан 24 сол доштааст.
Шикоятгари дигар - зани 53-сола, рассом-таҳиягар - гуфтааст, Депарде нисбати вай соли 2021 хушунатро раво дидааст. Ин зан гуфтааст, ҳунарманд ӯро дар долон ба оғуш гирифта, баданашро ламс кардааст. Зан нақл кардааст, ки танҳо баъди дахолати одамони дигар ҳунарманд ӯро раҳо кардааст.
Депарде аз соли 2020 аз рӯи шикояти ҳунарманд Шарлотта Арну таҳти бозпурсӣ қарор дорад. Шарлота гуфтааст, Депарде ӯро соли 2018 ду маротиба таҷовуз кардааст. Дар маҷмуъ нисбати Депарде бештар аз 15 айбнома эълом шудааст, ки ҳамаи онҳо аз хушунати ҷинсӣ иборат ҳастанд.
Депарде ҳамаи ин айбҳоро рад мекунад. Вай соли гузашта бо навиштани номаи бозе гуфта буд, "ҳаргиз, ҳаргиз" нисбати занон хушунатро раво надидааст.