Мо дар давоми чандин соли фаъолияти худ то ҳадди имкон тавонистем ба Шумо хабарҳои муҳиму ҷолиби минтақа ва ҷаҳонро пешниҳод кунем.
Дар давоми солҳои фаъолияти тарҳ мо бо садҳо расонаи минтақавии Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ҳамкории босамар доштем.
Бояд гуфт, тарҳи мо тавонист, ки бисёре аз воситаҳои ахбори омми минтақаро муттаҳид созад ва барои пур кардани бахшҳои хабарии онҳо бо матлабҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мусоидат намояд.
Тарҳи мо бесобиқа буд, аммо тавре мегӯянд, ҳама чиз муҳлати худро дорад. Мо ба ҳамаи коршарикону обуначиён барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ миннатдорӣ баён мекунем!
Сомонаи мо - centralasian.org фаъолияташро қатъ намекунад, балки дар шакли дигар идома медиҳад ва Шумо метавонед минбаъд низ дар он хабарҳои наву ҷолибро пайдо кунед.
Ҳамчунин канали телеграмии “Мигрант.медиа”, ки мавзуъҳои муҳими марбут ба муҳоҷиронро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бозтоб мекунад, фаъолияташро идома хоҳад дод.