Ссылки доступа

Як шаҳрванди Русия барои шиканҷаи кудаки тоҷик зиндонӣ шуд


Додгоҳи низомӣ - гарнизонии шаҳри Екатеринбург як марди русро барои шиканҷаи кудаки муҳоҷири тоҷик 5 сол равонаи зиндон кард.

Александр Наумовро, ки парастор ё нигаҳбони Далер Бобиеви шашсола аст, дар шиканҷа бо бераҳмии махсус гунаҳкор донистаанд. Падари Далер Бобиев дар Русия барои дуздӣ адои ҷазо мекунад ва писарашро як оилаи рус ба парасторӣ гирифта буданд.

Ба иттилои хабаргузории "E1.RU", дар додгоҳ Наумов иттиҳоми нисбаташ эълоншударо эътироф накард. Ӯ гуфтааст, ки то моҳи июни 2023 дар ҷанги зидди Украина қарор дошт. Аммо ба навиштаи "SOTAvision", ӯ зимистони соли гузашта ба таътил омада буд ва аз нопадид шудани кӯдак хабар дошт.

26 июни соли гузашта, Вероника Наумова, ҳамсари Александр Наумов, парастори дигари кӯдак аз нопадид шудани Далер Бобиев хабар дод. Ба гуфтаи ин зан, вай қаблан ҳам аз хона фирор мекард. Он замон садҳо нафар сокинони маҳаллӣ се рӯз ин кӯдакро ҷустуҷӯ карданд. Баъдан маълум шуд, ки кӯдак моҳи декабри соли 2022 кушта шудааст ва тамоми ин муддат ҷасади ӯ дар як халта дар ҷойи мошинҳо, ки дар наздикии хонаи парасторон ҷойгир буд, қарор дошт.

Ҳимоятгари Наумов гуфтааст, ки бо қарори додгоҳ розӣ нест ва аз болои он шикоят мекунад. Мурофиаи додгоҳии Вероника Наумова ва ҷияни 21-солаи ӯ Даниил Еголников идома дорад. Ҳар ду дар куштори кӯдак бо бераҳмии махсус ва ангезаи кинаю адовати миллӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии кӯдак, айбдор мешаванд.

Рӯйхати муҳоҷирони тоҷики фавтидаву кушташуда дар Русия тӯлонист. Мақомоти Тоҷикистон ба баъзе аз ин ҳодисаҳо эътироз карда, аз мақомоти Русия таҳқиқи мушикофонаи онро хостаанд. Аммо мақомоти Русия на ҳамеша ба дархости Тоҷикистон вокуниш мекунанд. Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирони тоҷик ба ватан оварда мешавад. Бар изофа, ҷалби муҳоҷирон ба ҷанги Русия зидди Украина, фишорҳои мақомоти интизомии ин кишвар бар сари муҳоҷирони тоҷик ба маротиб афзоиш ёфтааст. Сарфи назар аз он раванди муҳоҷират ба Русия коҳиш наёфтааст.

XS
SM
MD
LG