Иван Фёдоров гуфт, зарбаҳои артиши Русия боиси сар задани сӯхтор дар чанд нуқтаи Запороже шуд.
Дар идораи ҳолатҳои фавқуллодаи Украина гуфтанд, ҳамлаҳои Русия ба Запороже ҳамчунин боиси захмӣ шудани 11 нафар гардид. Наҷотдиҳандагон муваффақ шуданд, ки як занро аз зери харобаҳо берун оранд.
Идораи "Роҳи оҳани Украина" хабар дод, ки бинои истгоҳи роҳи оҳани «Запороже-1» ҳам зарар дидааст. Дар ин ҳодиса касе қурбон нашудааст.
Низомиёни рус дар як вақт чанд ноҳияи вилояти Запорожеро мушакборон кардаанд. Мақомоти украинӣ дар бораи хароб шудани 19 хона хабар доданд.
Артиши Русия чанд вақти ахир барои ҳамла ба Запороже аз бомбҳои ҳавоӣ истифода мебарад. То ин вақт низомиёни рус бо чунин бомбҳо асосан ба вилояти Харков зарба мезаданд.