Ба гуфтаи як манбаи наздик ба қазия, ӯ дар аввали моҳи август аз сӯйи Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайванд ба парвандаи Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷӣ, дастгир шуд.
Мақомоти Тоҷикистон аз ин боздошт то кунун хабар надодаанд. Дақиқ нест, ки Абдулфайз Атоӣ ба чӣ муттаҳам мешавад. Наздикони Атоӣ аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд ва дар мавриди боздошти ӯ чизе намегӯянд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба тафтишот, ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтиши парвандаи Саъидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олии Тоҷикистон ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби демократ ва рӯзноманигор дар аввали моҳи сентябр ба охир расида, ба Додгоҳи олӣ фиристода шудааст.
Дар дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистонба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки парванда "бояд рӯзҳои наздик дастрас шавад". Ҳоло маълум нест, ки тафтиши парвандаи ҳамаи боздоштшудаҳо дар пайванд ба ин қазия ба поён расидааст ё аз қисме аз онҳо. Наздикони баъзе аз афроди боздоштшуда мегӯянд, дар Додситонии кул ба онҳо гуфтаанд, ки парванда ба додгоҳ рафт.
Бино ба хабарҳои дарёфтии Радиои Озодӣ, ҳамаи ин боздоштшудаҳоро аз Боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба боздоштгоҳи кӯтоҳмуддат ё ИВС интиқол додаанд. Наздиконашон мегӯянд, бештар аз як моҳ боз барои онҳо ба тавқифгоҳ ё ИВС хӯроку либос мебаранд. Мақомот далелҳои дубора ба ИВС интиқол додани онҳоро шарҳ намедиҳанд.
Дар пайванд ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода, то кунун боздошти Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ ва Шокирҷон Ҳакимов расонаӣ шудааст.
Юсуф Раҳмон, додситони кули Тоҷикистон, рӯзи 9-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, боздошти ҳамаи ин афрод ба қазияи Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, рабт дорад. Усмонзодаро расман ба “кӯшиши табаддулоти давлативу ғасби ҳокимият” муттаҳам медонанд.
Додситони кул дар нишасти хабарӣ ба далели муҳри махфӣ доштани парванда аз ироаи ҳама гуна ҷузъиёт худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки қазияи ҳамаи шахсони боздоштшуда ба якдигар “алоқамандии зич” дорад.
Бо вуҷуди ин изҳороти Юсуф Раҳмон, наздикони Шокирҷон Ҳакимов мегӯянд, парвандаи ӯ ҷудо аз парвандаи Усмонзода ва афроди дигар тафтиш мешавад. Шокирҷон Ҳакимовро рӯзи 12-уми июл боздошт карда буданд. Ҳоло пайвандонаш мегӯянд, муҳлати боздошти ӯ барои ду моҳи дигар тамдид шудааст.
Шокирҷон Ҳакимов ҳам дар тавқифгоҳ ё ИВС нигаҳ дошта мешавад. Пештар як манбаи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки яке аз иттиҳомҳо дар парвандаи Шокирҷон Ҳакимов ба изҳори назарҳои ӯ дар пайванд ба равобити Тоҷикистону Чин дар расонаҳо марбут аст.
То кунун наздикони ин афроди боздоштшуда муваффақ нашудаанд, ки бо онҳо дар боздошт дидор кунанд. Мақомот далели ин ҳамаро шарҳ намедиҳанд.
Боздошти баъзе аз чеҳраҳои маъруф дар моҳи июни соли 2024 сар шуд. Пайвандон ва вакилони дифои афроди боздоштшуда аз суҳбат ва ҳамкорӣ бо расонаҳо худдорӣ мекунанд ва мегӯянд ба далели махфӣ будани парванда ҳаққи ошкор кардани ҷузъиёти онро надоранд.