Намояндагони Исроил гуфтанд, муборизаро ба зидди гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”, ки Амрико созмони террористӣ медонад, “то замони пирӯзӣ” идома хоҳанд дод.
Ҳамлаҳои Исроил ба пойгоҳҳои “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон, ки аз пуштибонии Эрон баҳравар аст, дар як ҳафтаи охир садҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.
Ин гурӯҳ дар посух ба тарафи Исроил чанд мушак сар дод, ки яке аз онҳо то Телавив расид, аммо раҳгирӣ ва боздошта шуд.
Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва муттаҳидони дигар рӯзи 25-уми сентябр пешниҳод карданд, ки дар сарҳади Исроил ва Лубнон оташбаси 21-рӯза эълон шавад.
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 26-уми сентябр дар Ню-Йорк бо вазири умури стратегии Исроил мулоқот карда, ба ӯ гуфт, оташбас “ба сокинони осоиштаи ду сӯйи марз имкон медиҳад, ки ба хонаҳои худ баргарданд”.
Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу рӯзи 26-уми сентябр пешниҳоди оташбасро қотеъона рад кард ва ба артиш амр дод, ки “ҷангро бо нерӯи комил идома диҳад”.