Низомиёни амрикоӣ дар моҳи августи соли 2021, пас аз бист сол ҳузур дар Афғонистон, пурра аз ин кишвар берун шуданд ва гурӯҳи “Толибон” Афғонистонро ба таври комил зери итоат гирифт.
Маҷлиси Намояндагони Амрико маъмурияти Ҷо Байденро ба он айбдор мекунад, ки бо шеваи нодуруст аз Афғонистон берун шуд ва боис ба ҳарҷу марҷ дар ин кишвар гашт.
Ба бовари вакилони ҷумҳурихоҳ, хуруҷи бесарусомон шуморе аз шаҳрвандони Амрико, муттаҳидонаш, занони фаъол ва дигаронро дар Афғонистон зери хатар гузошт. Дар ҳамлаи маргталабона, ки дар фурудгоҳи Кобул ҳангоми хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ сурат гирифт, 13 сарбози амрикоӣ ва 170 ғайринизомӣ кушта шуданд.
Майкл Маккоул, раиси Кумитаи равобити хориҷии Конгресс, гуфт, "пас аз чанд моҳи даъват вазири корҳои хориҷӣ барои шоҳидӣ додан дар бораи хуруҷи фоҷеабор аз Афғонистон ҳозир нашуд. Маҷбур шудем, ки ӯро аз тариқи додгоҳ даъват кунем. Ба қарори додгоҳ беэҳтиромӣ кард ва барои посух додан наомад."
Блинкен пештар барои посух додан ба суоли вакилон дар бораи хуруҷ аз Афғонистон ҳозир шуда буд, вале ин дафъа ба сабаби сафарҳояш ба Ховари Миёна натавонист ба Маҷлиси Намояндагон биояд.
Мэтю Миллер, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, гуфт: "Онҳо набояд вақтеро барои посух додан таъйин кунанд, ки вазири корҳои хориҷӣ дар ҷаласаи Шӯрои Амният аст ё барои гуфтугӯ бар сари оташбас ба Ховари Миёна рафтааст.”
Ҷон Болтон, мушовири пешини ҳукумати Амрико, дар суҳбат бо "Садои Амрико" гуфтааст, берун шудани фоҷеабор аз Афғонистон натиҷаи тасмимҳои пай дар пайи нодуруст буд.
Вай афзуд: "Маъмурияти Трампро барои созиш бо “Толибон” бояд танқид кард. Ин хатои якум буд, вале ҳамроҳ накардани ҳукумати Афғонистон ба гуфтугӯ хатои фоҷеабор буд. Байден ҳам хато кард, ки созиши Трампро бо "Толибон" пазируфт. Ӯ имкон дошт, ки рад кунад."
Бо берун шудани низомиёни Амрико гурӯҳи "Толибон" пурра Афғонистонро ишғол кард. Ҳукумати ин гурӯҳро ҳеч кишваре ба расмият намешиносад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ "Толибон"-ро барои нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон сахт танқид мекунанд.