Ссылки доступа

Сафири Тоҷикистон бо вазири дифои Покистон чӣ гуфт?


Хоҷа Осиф, вазири мудофиаи Покистон
Хоҷа Осиф, вазири мудофиаи Покистон

Сафири Тоҷикистон дар Исломобод бо вазири мудофиаи Покистон чанд масъала, аз ҷумла вазъро дар Афғонистон баррасӣ кардааст.

Мулоқоти Юсуф Шарифзода бо Хоҷа Муҳаммад Осиф рӯзи 18-уми сентябр гузашт.

Ба иттилои расмӣ, "равобити Тоҷикистон ва Покистон, бахусус дар бахшҳои иқтисод, ҳавонавардӣ, амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд."

Нуктаи муҳим дар мулоқот баррасии "вазъи имрӯзаи низомию сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон" будааст, аммо тафсилоташ дастрас нест.

Ҳарду кишвар ҳамсояи Афғонистон ҳастанд. Кишваре, ки аз моҳи августи соли 2021 зери итоати гурӯҳи тундрави "Толибон" аст.

Хабаргузории давлатии "Ховар" навишт, ки ҷонибҳо дар бораи тарҳи "CASA-1000" низ гап задаанд. Ин тарҳ интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG