Ссылки доступа

Фаъоли мадании қазоқ зидди бунёди неругоҳи ҳастаӣ гуруснанишинӣ мекунад


Марат Жиланбоев, фаъоли қазоқистонӣ, ки бо иттиҳоми ба гуфтааш, сиёсӣ аз озодӣ маҳрум шудааст, гуруснанишинии 40-рӯза эълом кард.

Вакили дифои ӯ Мейржан Доскараев ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки зерҳимояи вай 12 сентябр дар зиндон дубора даст ба гуруснанишинӣ задааст.

Ба гуфтаи Доскараев, Жиланбоев ин бор дар эътироз ба бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистон гуруснанишинӣ кардааст.

Додгоҳе дар шаҳри Остонаи Қазоқистон моҳи ноябри соли 2023 Жиланбоевро 7 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вай борҳо талош кард, ки ҳизби "Алға, Қазоқистон!"-ро сабти ном кунад. Ӯро дар "маблағгузории фаъолияти тундгароёна" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор карданд.

Мақомоти Қазоқистон моҳи апрели имсол номи Жиланбоевро ба рӯйхати "афроде, ки дар сармоягузории экстремизму терроризм даст доранд" шомил карданд.

Қаблан президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гуфта буд, ки тирамоҳи имсол дар робита ба бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар ин кишвар раъйпурсӣ баргузор мешавад.

Тоқаев баъди нахустин сафари хориҷии худ, ки ба Русия анҷом шуд, масъалаи бунёди неругоҳи ҳастаиро чанд бор мешавад, матраҳ мекунад. Ӯ дар ин сафар бо ҳамтои руси худ Владимир Путин бунёди неругоҳи ҳастаӣ дар Қазоқистонро баррасӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG