Ссылки доступа

Мошини маъруфи ҷаҳонгардони чех дар кӯҳҳои Тоҷикистон садама дид


Дар кӯҳҳои Помир дар минтақаи Ишкошим як мошини барномаи маъруфи чехии «Татра дар атрофи ҷаҳон 2» ба садама дучор шуд ва бо ҳамин  лоиҳаи панҷсолаи  телевизионӣ пеш аз вақт ба анҷом расид.

Ҳодиса рӯзи 5 сентябр дар баландии 3000 метр рух додааст. Нӯҳ узви даста дар ин садама бо ҷароҳатҳои сабук ҷон ба саломат бурданд ва ҳашт нафарашон тавонистанд ба Прага баргарданд. Муассиси лоиҳа Марек Ҳавличек дар Тоҷикистон дар паҳлӯи мошини маъруфаш боқӣ мемонад. Ин мошин то замони садама 175 ҳазор километр роҳ - аз Чехия то Африқо, аз Амрико то Узбакистонро бехатар тай кардааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 14 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 12 сентябр тадбирҳои наҷоти ин мошин ба роҳ монда шуд. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Рӯзи 12 сентябр соати 16:11 дар якҷоягӣ бо наҷотдиҳандагони касбии Агентии Оғо Хон бо истифода аз техникаи муҳандисии ширкати Хитой автомашинаи тамғаи ВЕН, ки санаи 5 августи соли 2024 дар деҳаи Туғгози ҷамоати деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошим ба садама дучор гардида буданд, аз ҷои ҳодиса бароварда ба ҷои бехавф бароварданд».

Рӯзи 14 сентябр Марек Ҳавличек, муассиси тарҳи ҷаҳонгарии маъруф дар Ҷумҳурии Чех аз маҳалли ҳодиса ба суолҳои Радиои Озодӣ посух дод.

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар куҷоед ва лутфан бигӯед, ки бо шумо чӣ ҳодиса рӯй дод?

Марек Ҳавличек: Ман дар Помир, дар наздикии марз бо Афғонистон қарор дорам. Рӯзи 5 сентябр ба чашмаи Бибифотима мерафтем ва тахминан дар километри сеюми роҳи шикастае мошини мо аз нишебӣ ба поён афтод, чанд маротиба чаппа шуд, то он даме, ки да банди як дарахти калон дармонд. Дар ин вақт дар дохили мошин 9 нафар будем. Хушбахтона, бо ҷароҳатҳои сабук ҳама зинда монд. Маро ба беморхонаи маҳаллӣ бурданд. Аз сарам хунравии шадид доштам ва чанд ҷароҳат. Ҳашт нафари боқимонда зуд ба Душанбе ва аз он ҷо ба Ҷумҳурии Чех баргаштанд. Ман бо мошин мондам. Мошинро баъди як ҳафта берун кашиданд ва бо кӯмаки сокинони маҳаллӣ ва пулис баъзе корҳои таъмир ҳам анҷом шуд. Пулиси маҳаллӣ гуфт, ки ин роҳ хеле бад аст ва ҳамасола ин ҷо садамаҳои нақлиётии мисли мо рух медиҳад ва ин роҳ бояд таъмир шавад. Айни замон ман дар паҳлӯи мошин ҳастам. Тормоз ва болишти бехатариаш шикаста, мошинро идора кардан номумкин шудааст. Ман як дӯсте доштам, ки ба ман то ҳадди имкон кӯмак кард. Дар масофаи 5 км аз ин ҷо касе нест, ки мошинро таъми кунад.

Радиои Озодӣ: Дар ҷойи ҳодиса ба шумо чӣ гуна кӯмак расонида шуд?

Марек Ҳавличек: Мардуми тоҷик бениҳоят меҳрубонанд. Масалан, вақте ки мо бо истифода аз таҷҳизоти вазнин мошинро аз ҷойи садама берун мекардем, як хонуми солхӯрдаи маҳаллӣ ба мо тухму гречка, нону чойи гарм овард. Хамаи мо, ки гоҳо то 30 нафар мерасидем, аз ин хӯрок мехӯрдем. Аз ин рӯ, тоҷикони маҳаллӣ ба мо хеле меҳрубон буданд ва ҳоло ҳам ба мо кумак мекунанд. Илова бар ин, гурӯҳе аз КҲФ омада, бо истифода аз экскаватор, ки бо як коргари чинӣ марбут аст, дар берун овардани мошин кумак карданд. Мо забони ҳамдигарро аслан намефаҳмидем ва фақат бо имою ишора муколама мекардем, вале бо вуҷуди ин тавонистем мошинро берун кашем. Кумита ба мо ёрии калон расонд. Ҳамчунин ҳудуди 30 нафар аз пулиси маҳаллӣ ва Вазорати нақлиёт низ буданд, ки таҷҳизоти сохтмонӣ оварда, дар берун овардани мошин кумак карданд, ки боз ҳам хеле хуб буд. Ҳама кӯмаки калон карданд.

Радиои Озодӣ: Ҳоло баъди ин чӣ мешавад?

Марек Ҳавличек: Дар ҳоли ҳозир ман ба кумаки сокинон ва мақомоти маҳаллӣ умед дорам ва шояд интизор шавам, ки касе барои таъмири мошин кумакам кунад. Имконияти дигар ин аст, ки дӯсти ман шояд аз Чехия баргардаду дар омода кардани мошин барои ҳаракат кӯмак кунад. Умуман, ман фикр мекунам, ки камаш як ҳафтаи дигар дар ин ҷо мемонам ва пас аз он мошинро ба Душанбе бармегардонем. Он ҷо як намояндаи ҳукумат гуфт, ки гараж дорад. Дар он ҷо мо метавонем барои баргардонидани мошин ба Ҷумҳурии Чех омодагии охирро бинем. Сафари мо ҳам бо ҳамин қатъ шуд, мошин шикастааст ва ман худам коре карда наметавонам, ки онро ба зудӣ ба ҳаракат дарорам.. Ман фикр мекунам, ки интиқоли мошин ба Ҷумҳурии Чех 2-3 ҳафта мегирад.

Радиои Озодӣ: Дар вебсайти шумо дидам, ки шумо маъракаи ҷамъоварии маблағро барои ҳалли ин мушкил оғоз кардаед. Оё барои интиқоли мошини худ ба Ҷумҳурии Чех пули зиёд лозим аст?

Марек Ҳавличек: Бале, маҳз барои он, ки худи ҳамлу нақл, инчунин омодасозӣ ва таъмири мошин, аз ҷумла эҳтимолан овардани қисмҳои эҳтиётӣ аз Ҷумҳурии Чех аз масофаи тақрибан 6 ҳазор км хароҷоти изофӣ дорад, ки метавонад тақрибан 100 ҳазорро ташкил диҳад. Ман аллакай тақрибан 6000 доллар сарф кардам, бинобар ин ман бояд дар бораи ҷамъоварии маблағ ба таври ҷиддӣ фикр кунам.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Ҳавличек, метавонед ба мо мухтасар бигӯед, ки барномаи шумо аз чӣ иборат аст?

Марек Ҳавличек: Лоиҳаи «Татра дар атрофи ҷаҳон » ибтидо дар солҳои 1987-90, пеш аз инқилоби махмалӣ оғоз шуда буд. Саёҳат ба одамон илҳом бахшид ва ба онҳо нишон медод, ки ҷаҳони воқеии беруна, бидуни сензураи давлатӣ чӣ гуна аст. Мо як лоиҳаи шабеҳеро эҷод кардем, ки ҳар кас метавонад ба экспедитсия рафта, ҷаҳонро кашф кунад, ҷаҳонро тавре ҳаст бубинад. Лоиҳа аз ҷониби ман, бо кӯмаки сарпарастон ва хайрхоҳон роҳандозӣ шудааст. Лоиҳа панҷ сол боз идома дорад ва мо аввал дар Чехия, сипас аз он ҷо ба Эрон сафар кардем, Ковид омад. Баъд мо ба Африқои Шимолӣ рафтем. Баъд аз он мо ба Амрикои Чанубй ва Шимолй ҳам сафар кардем. Баъдан мо дубора ба Аврупо рафта сафарро ба Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Туркманистон, Русия, Қазоқистон ва ҳоло Тоҷикистон идома додем. Дар маҷмӯъ дар ин панҷ сол беш аз 175 ҳазор километрро тай кардем. Мо дар радиову телевизион, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои хабарӣ баромад кардем.

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон охирин нуқтаи ба нақша гирифтаи шумо дар харитаи сафар буд ё ният доштед, ки сафарро идома диҳед?

Марек Ҳавличек: Имсол мо нақша доштем, ки мошинамонро ба Қазоқистон бурда, зимистонро дар он ҷо гузаронем ва дар фасли баҳор аз онҷо ба Муғулистон равем.

Радиои Озодӣ: Бо ин садама акнун нақшаҳои шумо амалӣ намешаванд?

Марек Ҳавличек: Дуруст, мо маҷбурем, ки лоиҳаро қатъ кунем. Мосавори як мошин сафар мекунем. Соли аввал мо бо ду мошин сафар мекардем, дар аввал аъзои даста ва дар дуюмаш наворбардорони мо буданд. Аммо аз соли дуюми сафар мо бо як мошин ба Африқо рафтем.

XS
SM
MD
LG