Ба гуфтаи Молдобекова, маъмурони Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон қабулгоҳи утоқи кории ӯро бозҷӯӣ карда, ёварашро бо гумони сохтакорӣ дастгир кардаанд.
"Ба утоқи кории ман надаромадаанд. Шунидам, ки вайро барои сохтакорӣ дастгир кардаанд. Ӯ дар даъвати шашум ронанда буд ва дар даъвати ҳафтум ёвари ман шуд", - изҳор дошт вакили порлумони Қирғизистон.
Расонаҳо 12 сентябр иттилоъ доданд, ки утоқи кории Молдобекова бозҷӯӣ шудааст.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон то ҳол боздошти ёвари Гулкан Молдобековаро шарҳ надодааст.